Az Samarqand to Madina
172 subscribers
1 photo
50 videos
45 links
По вопросам рекламы обращаться:
For advertizing :
Барои таклифҳо:
@ziyoratulumra
Download Telegram
Channel created
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🎼 Баҳодур Нематов “ Самарқанд “

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Сайёҳӣ дар Узбекистон — яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Узбекистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Нақши сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
«Дар мамлакат бинобар ба сифати яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ ривоҷ додани сайёҳӣ, ки диверсификатсияи он ва рушди босуръати минтақаҳо, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромад ва сифати ҳаёти аҳолӣ, инчунин беҳдошти ҷозибадории сармоягузориро таъмин мекунад, зина ба зина маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегардад».

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Имрӯз дар Ӯзбекистон зиёда аз 7000 иншооти мероси маданӣ мавҷуд буда, аксарияти онҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил шудаанд. Сафи онҳое, ки ин обидаҳои таърихиро дидан, қабри бузургонеро, ки ба тамаддуни аҳли башар ҳиссаи арзанда гузоштаанд зиёрат кардан мехоҳанд, торафт меафзояд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурии мо барои рушди сайёҳӣ ва аз имкониятҳои он пурра истифода бурдан аз моҳи феврали соли 2018-ум барои шаҳрнавандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Исроил, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон режими 30 рӯзаи бидуни раводид ҷорӣ карда шуд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Барои шаҳрвандони 39 давлат тартиби расмикунии раводид соддатар гардид. Аз 15 июли соли 2018 бошад, тартиби расмикунонии раводидҳои электронӣ ба роҳ монда шуд. Натиҷаи ин тадбирҳо буд, ки дар шаш моҳи аввали соли сипаригашта шумораи сайёҳон ба 2,2 миллион нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи аввали соли 2017-ум 93 фоиз зиёд аст.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Давраи гул-гулшукуфии шахр аз он огоз ёфт, ки Бухоро дар тахти Исмоили Сомонй (892—907) пойтахти давлати Сомониён интихоб шуд. Симои худи шахр ба куллй тағир ёфт. Шумораи ахолй хеле афзуд.

Бухоро дар асри 10 аллакай як шаҳри пешрафтае буд, ки аз ҳар тараф бо работи ҳунарӣ ва тиҷоратӣ иҳота карда шуда буд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🔸Дар ин шабу рузи Саиди Ҷумъа 🕋 бар Маҳбуби Дилҳо, бар Шоҳи Расулон , бар Ҳабиби Худо, Расули Акрам ﷺ салавоти зиёд бифиристед. 🌺 🛫 Ширкати сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ
"Аз Самарканд то Мадина 🇺🇿" инчунин хизматрасониҳоро пешкаши шумо Азизон мегардонад :

🔸 Зиёрати Умра насибатон бошад, бародарону хоҳарони азиз 🙏 https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ба воситаҳои нақлиёт, ошхона ва меҳмонхонаҳои назди зиёратгоҳ дар вақтҳои ғайри мавсими зиёрат имтиёзҳо пешниҳод кардан, ба таъмири зиёратгоҳҳо ҷалб намудани корхонаҳои касбии таъмиркунӣ, барои субъектҳои хоҷагие, ки зиёратгоҳҳои нав барпо мекунанд, ҷорӣ кардани андози имтиёзнок, бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ба зиёратгоҳҳои хориҷӣ фиристодани кадрҳои маҳаллӣ аз шартҳои ин гуна сайёҳӣ мебошад.
Фикр мекунем ва гумони ғолиб дорем, ки ин пешниҳодҳо ба рушди сайёҳӣ ва аз ин тариқ ба пешрафти иқтисодии Ватани маҳбубамон мусоидат мекунанд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Пас аз соҳибистиқлол гаштани мамлакатамон ба мероси маданӣ ва маънавии халқ, инчунин ба ёдгорӣ ва зиёратгоҳҳое, ки бо дини мубини ислом бевосита алоқамандӣ доранд, эътибор афзуд. Аз ин рӯ, зарурати рушди сайёҳии динӣ ба миён омад. Бояд таъкид намуд, ки сайёҳии динӣ, сайёҳии зиёратӣ ва сайёҳии ҳалол дорои паҳлӯҳои ба ҳам монанд ва фарқкунанда ҳастанд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Арабистони Саудӣ. Шаҳрҳои калонтаринаш: Ҷидда, Мадина, Макка, Ад-Даммам, Бурайда, Ҳуфуф. Бандарҳои асосиаш: Ҷидда, Ҷизан, Янбу, Ал-Ҷубайл. Забони давлатӣ – арабӣ, пули миллӣ – риёли саудӣ; Ислом – дини ягонаи давлатӣ. Шаҳри Ҷидда (асосан хидматрасонӣ ба ҳоҷиён, расондани онҳо ба Макка ва Мадина)

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Шаҳри Ҷидда дар соҳили баҳри Сурх воқеъ шуда аст. Ҷидда маркази иқтисодӣ ва сайёҳии Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.Шаҳри Ҷиддаро 3000 пеш тавассути маҷмуае аз моҳигирон, ки дар ин мазеъ моҳидорӣ мекардан, ногузорӣ шудааст. Қабилаи Қазоъа 2500 сол пеш онҷоро макони худ қарор додаанд. Соли 647 мелодӣ бо дастури халифаи саввум Усмон ибни Аффон дар шаҳри Ҷидда аввалин бандаргоҳ барои истиқболи ҳоҷиён, ки аз роҳи баҳрӣ барои адои Умра ва Ҳаҷ🕋 меомаданд, сохта шуд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар Арабистони Саудӣ дини ягона – Ислом ҳукмрон буда шиаҳо 10% мебошанд. Дар мамлакат ба ҷо овардани маросим ва расму ойини динии қавмҳои дигар, паҳн кардани адабиёт, сохтани ибодатгоҳҳои дигар динҳо манъ аст. Дар Арабистони Саудӣ полиси назорати динӣ – муттаво амал мекунад, ки вайронкунандагони тартиботи ҷоришударо ба ҷавобгарӣ мекашад. Барои ғайридин ворид шудан ба Макка ва Мадина низ манъ аст. Тарзи либоспӯшӣ низ таҳти назорат қарор гирифта, занҳои хориҷӣ бояд ҳатман ҳиҷоб – абайя пӯшанд. Истеъмоли машрубот ва гардиши маводи мухаддир сахт маҳкум мешавад

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
-Сайёҳии экологӣ - намуди сайёҳие, ки дар муҳити табиат сурат гирифта, мақсади он тамошои манзараҳои табиӣ, дастгирии ҳифзи муҳити зист ва халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологӣ мебошад;

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Сайёҳии динӣ ду намуд дорад: сайёҳии экскурсионӣ-омӯзишӣ ва сайёҳии зиёратӣ. Саёҳати динӣ ба дарк намудани мазмуни зиндагӣ кӯмак намуда, ба кас хотирҷамъии рӯҳӣ мебахшад. Дар чунин мавридҳо бархе аз сайёҳон баҳри авфи гуноҳҳо тавба мекунанд, ба маризиҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии хеш шифо металабанд....
«Сайёҳии ҳалол» барои аҳли муслим бояд мувофиқи талабҳои шариат ташкил карда шавад. Калимаи «ҳалол» дар ин маврид танҳо ба маънои маҳсулоти хӯрокворӣ нест. Ин ҷо баробари маҳсулоти хӯрокворӣ шароити зист, хидмати маишӣ, гигиенаи шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, маданияти либоспӯшӣ, парфюмерия, косметика ва ғайраҳо низ дар назар дошта шудаанд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Алҳол бозори ҷаҳонии сайёҳии ҳалол 126 миллиард доллари ШМАро ташкил медиҳад ва соли 2023 се баробар афзудани он пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, лозим меояд, ки барои ин гурӯҳ сайёҳон шароити муносиб муҳайё карда шаванд.Дар тасвир: сохтмони Масчиди Ал-Бухорий дар ш Самарканд

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Танҳо дар Самарқанд, ки бо номҳои «Сайқали рӯйи замин», «Гавҳари Шарқ» машҳур гаштааст, 1851 иншооти мероси маданӣ мавҷуд. Соли гузашта дар арафаи иди Наврӯз ҳар рӯз 17 ҳазор нафар сайёҳ қабри Имом ал-Бухориро зиёрат кардаанд.

https://t.me/azsamarqandtomadina
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🎼Sami Yusuf - The Centre (Live in Samarkand)

https://t.me/azsamarqandtomadina